35 сол истиқлол — 35 сол шукуфоӣ бо НБО-и «Роғун»; чорабинӣ баргузор шуд


Дар ҳудуди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид.
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз дар ҳудуди Неругоҳи барқи обии «Роғун» таҳти унвони «35 соли Истиқлол — 35 соли шукуфоӣ бо НБО-и «Роғун»» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Тавре хабар дода мешавад, ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гиромидошти дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмати созандагони иншооти бузурги аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»