Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд.
Дар ҷаласа чанд лоиҳаи қарор дар бораи бозхонд ва интихоб намудани аъзову роҳбарони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Ҳамчунин созишномаҳои маблағгузорӣ бо Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ва як қатор лоиҳаҳои қонун барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои марбут ба низоми мақомоти идоракунии давлатӣ, геодезия ва харитасозӣ, маориф, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ва хоҷагии ёрирасони шахсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, қабул шуданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»