Дар Тоҷикистон бори аввал ба аортаи синавии як бемор аз Ӯзбекистон стент-графт гузоштанд


Дар Маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳо ба бемори аз Ӯзбекистон, ки бо аневризми камони аорта ва аортаи фуромада муроҷиат карда буд, стент-графт гузоштанд.
Дар ДУШАНБЕ, 2026-10-07, дар Муассисаи давлатии «Маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳо»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал ба аортаи синавӣ стент-графт гузошта шуд. Бемор бо аневризми камони аорта ва аортаи фуромада ба ин муассиса муроҷиат карда буд.
Амалиёти ҷарроҳӣ бидуни наркоз ва бидуни буриши бадан, тавассути сӯрох кардани артерия аз пои рост то қисми васеъшудаи аорта анҷом дода шуд. Дар ин қисмат стент-графт, яъне раги сунъӣ, ҷойгир карда шуд, ки қисми васеъшудаи аортаро пурра иваз намуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»