Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар ҷараёни сафари кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои минтақаи Рашт як қатор иншооти нави иҷтимоиву хизматрасонӣ дар Тоҷикобод ифтитоҳ гардиданд. Ҳамчунин дар деҳаҳои Зарафшон, Навобод, Нӯшори боло ва шаҳраки Тоҷикобод хатҳои нави оби нӯшокӣ ба истифода дода шуданд.
ДУШАНБЕ, 12.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод, дар доираи корҳои созандагӣ ва ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд иншооти нав дар соҳаҳои маориф, варзиш, сайёҳӣ, савдо ва хизматрасонӣ сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд. Ин иншоот барои беҳтар кардани шароити зиндагӣ, таҳсил, истироҳат ва хизматрасонӣ ба сокинони ноҳия пешбинӣ шудаанд. Ба истифода додани хатҳои нави оби нӯшокӣ дар деҳаҳои Зарафшон, Навобод, Нӯшори боло ва шаҳраки Тоҷикобод ба беҳтар шудани таъминот бо оби тоза ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад. Рушди иншооти соҳаҳои маориф, варзиш, сайёҳӣ, савдо ва хизматрасонӣ, инчунин, барои ҷавонон, рушди сайёҳии дохилӣ ва экологӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ замина фароҳам меорад. Ин тадбирҳо дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шудаанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»