Баргузории XII Форуми миллӣ оид ба масъалаҳои волоияти қонун дар Тоҷикистон


Дар шаҳри Душанбе ба ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ифтихори Рӯзи Конститутсия XII Форуми миллӣ оид ба масъалаҳои волоияти қонун баргузор шуд.
Тибқи иттилои «Ховар», имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ифтихори Рӯзи Конститутсия XII Форуми миллӣ оид ба масъалаҳои волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин ҳамоиш аз соли 2015 инҷониб ҳар сол доир мешавад.
Форум дар Тоҷикистон ба минбари муносиб ва муассир барои густариши ҳамкорӣ байни сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ табдил ёфтааст. Он ба рушди қонунгузории кишвар, таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ҷустуҷӯи роҳу усулҳои муосири рушди ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа мусоидат мекунад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»