Иштирок дар маросими супоридани дани фахрии 9-уми таэквондо дар Федератсияи ҷаҳонии таэквондо (WT)


17 сентябр дар Ҷумҳурии Корея, дар қароргоҳи Федератсияи ҷаҳонии таэквондо (WT), ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дани фахрии 9-уми таэквондо супорида шуд.
Дар қароргоҳи федератсия Президенти Федератсияи ҷаҳонии таэквондо Чунгвон Чоу Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро самимона истиқбол гирифт. Пеш аз оғози маросим ба меҳмони олиқадр намоиши санъати муҳорибаи таэквондо пешниҳод шуд.
Баъдан Президенти Федератсияи таэквондо Юн Унг Сок қарори Шӯроро оид ба тақдими дараҷаи фахрии 9-уми таэквондо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат намуд. Дар маросими тантанавӣ ба Эмомалӣ Раҳмон дани фахрии 9-уми таэквондо тақдим гардида, либоси махсус пӯшонида шуд.
Сарвари давлат барои ин қадрдонӣ изҳори сипос карда, таъкид намуд, ки таэквондо дар баробари як навъи маъруфи варзиши олимпӣ буданаш, фалсафаи зиндагии солим ва иртиботи маънавию фарҳангии инсонҳоро таҷассум мекунад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»