Доктор Ареф: низоми байналмилалӣ бо таҳдидҳои бесобиқаи якҷонибагӣ ва бартариталабии чанде аз кишварҳо рӯбарӯ аст


Муовини якуми раисиҷумҳури Эрон гуфт, ки рӯйдодҳои чил рӯзи таҷовузи низомӣ алайҳи Эрон танҳо ҳамла ба Ҷумҳурии Исломии Эрон набуд, балки зарба ба асосҳои тартиботи ҳуқуқии байналмилалӣ буд.
Доктор Ареф, муовини якуми раисиҷумҳури Эрон, гуфт, ки низоми байналмилалӣ бо таҳдидҳои бесобиқаи якҷонибагӣ ва бартариталабии чанде аз кишварҳо рӯбарӯ шудааст.
Вай инчунин бо шарҳи паҳлӯҳои пуштибонии зиддиинсонӣ ва ҳамла ба ғайринизомиён ва зербиноҳои Эрон аз ҷониби ИМА ва режими саҳюнистӣ таъкид кард, ки он чи дар чил рӯзи таҷовузи низомӣ алайҳи Эрон рух дод, танҳо ҳамла ба Ҷумҳурии Исломии Эрон набуд, балки ҳамлаи мустақим ба пояҳои низоми ҳуқуқии байналмилалӣ ва принсипи баробарии соҳибихтиёрии давлатҳо буд.
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»