Дар САҲА қатъномаи СММ оид ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод муаррифӣ шуд


Дар ҷаласаи солонаи САҲА дар Прага қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ, ки Тоҷикистон 2026-08-31 пешниҳод карда буд, муаррифӣ гардид.
Дар шаҳри Прага зимни ҷаласаи солонаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва муҳитзистӣ қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод муаррифӣ карда шуд. Ин қатънома 2026-08-31 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда буд.
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар САҲА Манучеҳр Ҷобир гуфт, ки қабули ин санад идомаи сиёсати пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди зеҳни сунъӣ, технологияҳои нав ва истифодаи масъулонаи онҳо мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва мубодилаи таҷрибаи пешрафта заминаи мусоид фароҳам меорад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»