Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд


Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
11.09.2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ифтитоҳи як қатор иншоот дар водии Рашт ва вохӯрӣ бо аҳолӣ ба ноҳияи Рашт сафар карданд.
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун дар ноҳияҳои водии Рашт, суҳбату вохӯрӣ бо аҳолӣ ва иштирок дар тантанаҳои идона ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи ноҳияи Рашт Сарвари давлатро роҳбарият ва сокинони ноҳия бо эҳтирому самимият ва муҳаббати хос истиқбол гирифтанд. Сипас Эмомалӣ Раҳмон нахуст фурудгоҳи ноҳияи Раштро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои фурудгоҳ дар ҷараёни корҳои ободонӣ бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ навсозӣ шуда, барои мусофирон шароити замонавии хизматрасонӣ муҳайё шудааст. Ба ин васила, дар оянда бо кушодани хатсайрҳои нав рафтуомади мусофирон бо ҳавопаймоҳо ба дигар минтақаҳо барқарор гардида, хизматрасониҳо ба талаботи имрӯза мутобиқ карда мешаванд. Сарвари давлат ба кори бинокорон баҳои баланд дода, барои боз ҳам беҳтар шудани фаъолияти фурудгоҳ ба масъулон дастуру тавсияҳо доданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»