Дар Тоҷикистон барои баргузории намоишгоҳи байналмилалии махсуси «Нақлиёт ва логистикаи СҲШ» омодагӣ мебинанд


Дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва мушовири масъалаҳои тиҷоративу иқтисодии сафорати Чин дар Душанбе масъалаҳои рушди робитаҳои тиҷоративу сармоягузории бахши хусусӣ ва баргузории намоишгоҳи «Нақлиёт ва логистикаи СҲШ» баррасӣ шуд.
Дар Тоҷикистон барои баргузории намоишгоҳи байналмилалии махсуси «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)» омодагӣ мебинанд. Ин масъала 21 сентябр дар мулоқоти Фарҳодшоҳ Раҳмонализода, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва Сун Ҳэ, мушовири масъалаҳои тиҷоративу иқтисодии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон, баррасӣ шуд.
Дар вохӯрӣ маҷмӯи масъалаҳои соҳавӣ вобаста ба рушди робитаҳои тиҷоративу сармоягузории бахши хусусӣ ва диверсификатсияи савдои хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мавзӯи асосӣ баргузории ин намоишгоҳ ва ҷаласаи Гурӯҳи кории Шӯрои соҳибкории СҲШ оид ба нақлиёт ва логистика буд, ки 19-21 октябр дар Душанбе баргузор мешаванд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»