Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Душанбе, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 23 сентябр дар Хуҷанд зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд гуфтанд, ки ҳар сол дар ин вилоят қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад ва ин яке аз омилҳои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.
Ба гуфтаи Сарвари давлат, дар замони соҳибистиқлолӣ бо заҳмати содиқонаи кишоварзон ва дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат майдони заминҳои обии вилоят 36 ҳазор гектар зиёд гардид. Танҳо дар шаш соли охир 4.8 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 4.6 ҳазор гектар замини обӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра 3.8 баробар афзуда, соли 2025 ба 26 миллиард сомонӣ расид. Боғдорӣ низ ҳамчун соҳаи сердаромад ва ояндадори вилоят рушд карда, майдони боғу токзор ду баробар зиёд шуда, ба 97 ҳазор гектар расид. Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки маҳсулоти кишоварзии вилояти Суғд имрӯз дар бозорҳои хориҷӣ низ мавқеи худро пайдо намудааст ва танҳо дар соли 2025 ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ беш аз 1 миллиарду 100 миллион сомониро ташкил додааст.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон