Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар мулоқоти раиси Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон бо роҳбарияти Институти байтории Италия идомаи ҳамкории техникӣ, омӯзиши мутахассисон ва таҳкими иқтидори озмоишгоҳҳо баррасӣ шуд.
ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Италия зимни вохӯрии Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода бо роҳбарияти Институти байтории Италия масъалаи идомаи ҳамкории техникӣ баррасӣ гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лабораторияҳои институт мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки ташкили чунин омӯзишҳо барои таҳкими иқтидори ташхисии лабораторияҳои Тоҷикистон ва татбиқи талаботи байналмилалӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Ҳамчунин масъалаи аккредитатсияи байналмилалии лабораторияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла мутобиқ кардани низоми идоракунии сифат, ҳуҷҷатгузорӣ, баланд бардоштани салоҳияти кормандон ва гузаронидани санҷишҳои лабораторӣ баррасӣ гардид.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»