Дар Ҳамбурги Олмон 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид


Дар шаҳри Ҳамбург бо ташаббуси Консулгарии ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар музофотҳои федералии Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайн ва Сафорати Тоҷикистон дар Олмон чорабинии тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлол баргузор шуд.
Дар шаҳри Ҳамбург бо ташаббуси Консулгарии ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар музофотҳои федералии Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайн ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ таҷлил гардид.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов дар бораи дастовардҳо дар 35 соли соҳибистиқлолӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва имкониятҳои афзояндаи кишвар дар соҳаҳои сармоягузорӣ, саноат, энергетика ва захираҳои маъданӣ сухан гуфт. Ҳамзамон ба таъриху фарҳанги ғанӣ ва мероси адабии халқи тоҷик ҳамчун ҷузъи муҳими ҳувияти миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»