Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки дар ин нишаст Рамазон Раҳимзода оид ба вазъи душвори солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, нақши созанда ва таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва таҳкими истиқлоли комили сиёсӣ ва давлатӣ, инчунин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ андеша баён намуд.
Гуфта шуд, ки сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаи асосии пешрафти минбаъдаи давлат гардид. Таъмини суботи сиёсӣ барои татбиқи барномаҳои созанда, рушди иқтисоди миллӣ, беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум, таҳкими низоми давлатдорӣ ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ имконоти бештар фароҳам овард.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»