Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
11 September зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт корхонаи фаръии истеҳсоли шарбати Саноати хӯроквории минтақаи Рашт ва сардхонаи он ба истифода дода шуд.
Ин корхона бо мақсади рушди истеҳсолоти ватанӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва таъмин кардани бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат бунёд шудааст.
Ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ соли 2023 оғоз ёфта, моҳи August 2026 ба анҷом расидаанд. Дар ҷараёни сохтмон 30 мутахассис ҷалб шуда, бо ба кор даромадани корхона 17 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Корхона бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, барои истеҳсоли шарбати мева дар зарфҳои шишагӣ аз 0.5 то 1 литр пешбинӣ шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як мавсим 540 ҳазор литр ва дар як сол то 1 миллиону 200 ҳазор литр мебошад. Ашёи хом аз хоҷагиҳои минтақа таъмин шуда, барои аҳолии ноҳияҳои атроф ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ равона мегардад. Ҳамчунин, имконияти содироти маҳсулот ба бозорҳои хориҷӣ низ пешбинӣ шудааст. Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардхонаи корхонаро низ мавриди истифода қарор доданд; масоҳати он 500 метри мураббаъ буда, ғунҷоиши умумии сардхонаҳо 600 тонна ва анбори корхона то 200 тонна маҳсулотро нигоҳ дошта метавонад. Инчунин, дар назди ҳамин корхона бунёди корхонаи нави истеҳсоли меваҳои хушк ба нақша гирифта шудааст, ки дар зарфи 1 сол сохта ба истифода дода мешавад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»