Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар Душанбе, 22.10.2026, ба Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмоишгоҳи муосири сайёр барои санҷиши фаврии сифати об супорида шуд. Таҷҳизот дар доираи «Лоиҳаи сармоягузорӣ ба бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошти Тоҷикистон» бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ фароҳам шудааст.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки озмоишгоҳи сайёр барои гузаронидани таҳлилҳои физикӣ, кимиёвӣ ва микробиологии об пешбинӣ шудааст. Он ба мутахассисон имкон медиҳад, ки сифати обро бевосита дар маҳалҳо, аз ҷумла дар минтақаҳои дурдаст, санҷанд.
Ба гуфтаи манбаъ, истифодаи ин таҷҳизот назорати сифати оби нӯшокиро тақвият дода, ошкор намудани номувофиқатӣ ба меъёрҳо ва андешидани тадбирҳои саривақтиро осон мекунад. Дар хабар таъкид мешавад, ки таъминоти аҳолӣ бо оби босифату бехатари нӯшокӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»