22.10.2026 озмоишгоҳи илмию таҳқиқотии Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон пас аз навсозӣ ба истифода дода шуд.
22.10.2026 озмоишгоҳи илмию таҳқиқотии Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон пас аз навсозӣ ба истифода дода шуд. Тибқи иттилои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, таъсиси озмоишгоҳ ба рушди корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи хокшиносӣ ва агрохимия, фароҳам овардани шароити мусоид барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва омӯзиши хусусияти хок равона шудааст.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода гуфт, ки ин озмоишгоҳ дар заминаи рушди илмҳои кишоварзӣ ва истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ барои пешрафти соҳаи кишоварзӣ аҳамияти муҳим дорад. Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» озмоишгоҳро бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз кард. Озмоишгоҳ инчунин бо ду мошини озмоишгоҳи сайёр таъмин шуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»