ҶомеаМанбаи тоҷикӣ
Саломатии ҷомеа — сарвати миллат. Истифодаи никотин метавонад ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад


Душанбе, 2026-10-31, «Ховар» бо такя ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод, ки сигорҳои электронӣ моеъро гарм карда, аэрозол ҳосил мекунанд ва он метавонад никотин ва моддаҳои зараровари кимиёвӣ дошта бошад.
Тибқи ин хабар, истифодаи никотин дар давраи кӯдакӣ ва наврасӣ метавонад ба рушди майна, қобилияти омӯзиш ва баъзе равандҳои вобаста ба зеҳну рафтор таъсири манфӣ расонад. Ҳамчунин, сигорҳои электронӣ ба саломатии роҳҳои нафас ва дилу рагҳо низ таъсири манфӣ мерасонанд. Бо вуҷуди ин, паёмадҳои пурраи истифодаи дарозмуддати ин маҳсулот ҳанӯз мавриди омӯзиши илмӣ қарор доранд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»