Ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд


29 октябри 2026 таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуда, лоиҳаи буҷети соли 2027 ва дурнамои солҳои 2028-2029 баррасӣ гардид.
29 октябри 2026 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе баргузор шуд.
Дар оғоз лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027» ва нишондиҳандаҳои пешгӯишавандаи буҷети давлатӣ барои солҳои 2028-2029 баррасӣ гардиданд.
Қайд шуд, ки бо дарназардошти дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2027 аз ҳамаи манбаъҳои воридотӣ ба ҳаҷми 80.1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мешавад. Ин нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2026 15.1 миллиард сомонӣ ё 23.2 фоиз зиёд аст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»