13 October 2026 дар Женева Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ имзо карданд.
13 October 2026 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария байни Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Суди Олии Тоҷикистон хабар доданд.
Ёддошти тафоҳум ба рушди ҳамкории мутақобили судманд, такмили ихтисоси судяҳо, омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, инчунин татбиқи равишҳои муосир дар баррасии парвандаҳо ва баҳсҳои вобаста ба моликияти зеҳнӣ равона шудааст. Дар матн гуфта мешавад, ки ҳифзи боэътимоди ҳуқуқ ба моликияти зеҳнӣ дар шароити рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва густариши равандҳои инноватсионӣ аҳамияти хос дорад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»