ҶомеаМанбаи тоҷикӣ
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Санаи нашр:
Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 10734 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор шуда, 7136 ҳолат дар маҳал бартараф гардид.
ДУШАНБЕ, 18.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 10734 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардидааст.
Ба иттилои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоршуда аз ҷониби зерсохторҳои ин кумита 9492 дастур дода шуда, нисбат ба 9573 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуд ва 529 мавод ба Хадамоти иҷро фиристода шуд.
Аз 10734 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин 7136 ҳолат дар маҳал бартараф карда шудааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»