Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ва ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Спитамен чанд иншоот ифтитоҳ гардид.
Ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ноҳияи Спитамен чандин иншооти иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Маросимҳо дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуданд.
Дар Ҷамоати деҳоти Куруши ноҳия бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 ба истифода дода шуд. Иншоот соли 2025 бо маблағгузории 1 миллион сомонӣ аз ҷониби волидайни хонандагон ва сарпарастон ва инчунин 81 ҳазор 660 сомонӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд гардидааст. Бино барои 320 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, 7 синфхона, 1 ҳуҷраи омӯзгорӣ ва кабинетҳои фанҳои дақиқу риёзӣ дорад.
Ҳамчунин дар Ҷамоати деҳоти Тағояк бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 ба истифода дода шуд. Сохтмони он соли 2024 оғоз гардида, ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба анҷом расид. Бинои дуошёна барои 540 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон