Ин матни тақвимии «Ховар» рӯйдодҳои 18 октябрро дар Тоҷикистон ва ҷаҳон ёдовар мешавад: маҷлиси тантанавии соли 2014 дар Душанбе, ифтитоҳи маҷмааи Нақибхони Туғрал дар соли 2015 ва чанд ҳодисаи дигари таърихӣ.
18 октябри соли 2014 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба истиқболи 90-солагии таъсиси шаҳри Душанбе ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
11 сол пеш, 18 октябри соли 2015 дар ноҳияи Айнӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхони Туғралро ифтитоҳ намуданд. Дар ҳамин рӯз дар доираи сиёсати созанда ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакент мавриди истифода қарор дода шуд.
18 октябри соли 2018 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бурунди баргузор гардид. Ҳамчунин 18 октябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори Конфронси байналмилалии «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад барои муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» иштирок ва суханронӣ намуданд. 18 октябри соли 2023 бошад, Вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ризо Оштиёниро дар Қасри миллат ба ҳузур пазируфтанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»