Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд


30 October 2026 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии Душанбе бинои нави Маркази давлатии аутизмро ифтитоҳ карданд ва бо лоиҳаи Маркази трансплантология шинос шуданд.
30 October 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави муассисаи давлатии Маркази аутизм дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
Онҳо ҳамчунин бо лоиҳаи бунёди Маркази трансплантология шинос шуда, ба сохтмони он оғоз бахшиданд. Марказ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои фароҳам овардани шароити муосир барои ташхис, табобат, тавонбахшӣ ва таълими кӯдакони дорои нуқсони спектри аутизм бунёд шудааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»