«Шоҳи таомҳо». Фестивали «Оши палав» ва намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор шуд


Дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе дар доираи ҷашни Меҳргон фестивали «Оши палав» ва намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ доир гардид.
Тибқи гузориши хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маҳалли чорабинӣ, ин фестивал 17.10.2026 дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуд. Деҳқонон аз минтақаҳои гуногуни кишвар навъҳои гуногуни биринҷ ва дигар маҳсулоти кишоварзиро бо нархҳои дастрас пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд. Дар ҷашнгоҳ инчунин дегҳои зиёди оши палав гузошта шуда буд. Ошпазони маъруфи шаҳру ноҳияҳои мамлакат навъҳои гуногуни палави маҳаллӣ омода намуда, ба иштирокдорон тарзи пухтани онро шарҳ доданд. Олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон низ дастовардҳо ва тавсияҳои илмии худро оид ба парвариш ва баланд бардоштани ҳосилнокии шолӣ пешниҳод карданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»