Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар дод, ки таътили тирамоҳӣ аз 1 то 8 ноябри 2026 идома мекунад ва 9 ноябр рӯзи дарсӣ аст.
Ба иттилои АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, чоряки якум дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 31 октябри 2026 ҷамъбаст мегардад ва хонандагон аз 1 то 8 ноябри 2026 ба таътили тирамоҳӣ мебароянд. 9 ноябри 2026 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар рӯзи дарсӣ эълон шудааст.
Дар давоми 8 рӯзи таътил хонандагон метавонанд аз рӯйхати тавсиявии асарҳои бадеӣ барои хониши беруназсинфӣ истифода баранд. Ҳамчунин дар ин муддат даври якуми олимпиадаи дохилимактабӣ оғоз мегардад.
Вазорат аз падару модарон даъват кардааст, ки дар таътили тирамоҳӣ назорати ҷиддӣ дошта бошанд ва роҳ надиҳанд, ки фарзандонашон вақти зиёдеро бо телефони мобилӣ, бекорӣ ва гаштугузори беҳуда дар кӯчаю марказҳои интернетӣ гузаронанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»