Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
14 ва 15 октябри 2026 дар Женева Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ баргузор шуд ва ҳайати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ширкат намуд.
ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14–15 октябри 2026 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ баргузор гардид ва ҳайати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори он иштирок намуд.
Дар форум масъалаҳои татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва баррасии парвандаҳои вобаста ба моликияти зеҳнӣ, таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, равишҳои гуногуни судӣ дар низомҳои ҳуқуқии кишварҳои мухталиф ва роҳҳои таҳкими муколамаи касбӣ миёни судяҳо баррасӣ шуданд.
Таъкид шуд, ки ин форум яке аз минбарҳои муҳими байналмилалӣ барои таҳкими ҳамкории касбӣ ва табодули таҷрибаи судӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ мебошад. Иштироки ҳайати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва густариши ҳамкории судӣ аҳамияти муҳим дорад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»