Дар соли таҳсили 2026-2027 шумораи муассисаҳои таълимӣ дар вилояти Суғд 11 адад ва теъдоди хонандагон 17 403 нафар афзоиш ёфтааст.
Ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, дар соли таҳсили 2026-2027 дар вилоят 977 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дорад. Аз ин шумор 868 мактаби миёна, 36 гимназия ва 30 литсей буда, дар онҳо 610 728 нафар, аз ҷумла 297 596 духтар, таҳсил мекунанд. Ҳамчунин 330 муассисаи таҳсилоти томактабӣ 54 892 кӯдакро фаро гирифтааст.
Барои ҳалли мушкили ҷойи нишаст ва рушди зерсохтор, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2026 дар вилоят 64 иншооти соҳаи маориф бо 14 314 ҷой ба истифода дода шуд. То охири сол сохтмони биноҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди 91 мактаб барои 27 791 ҷой ва сохтмони 50 боғчаи нав барои 6 585 кӯдак ба нақша гирифта шудааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»