Дар ҷаласаи 87-уми Кумитаи рушди шаҳрдорӣ, манзил ва идоракунии замини Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо дар Женева Абдуҷаббор Назирзода дар бораи дастовардҳо ва самтҳои афзалиятноки Тоҷикистон сухан гуфт.
Душанбе, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 16 октябр дар Женева ҷаласаи 87-уми Кумитаи рушди шаҳрдорӣ, манзил ва идоракунии замини Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо баргузор шуд ва дар он муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Назирзода иштирок намуд.
Дар ҷаласа ӯ дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди устувори шаҳрҳо, таъмини аҳолӣ бо манзили дастрасу босифат, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, таҳкими инфрасохтори муосири шаҳрӣ, самаранокии энергетикии биноҳо, рақамикунонӣ ва густариши ҳамкории муштараки байналмилалӣ сухан гуфт.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»