Дар Тоҷикистон филми коргардони тоҷик бо истифода аз зеҳни сунъӣ ҷоизаи миллӣ гирифт


Филми кӯтоҳи «Дузди Офтоб»-и коргардон Комилҷон Сафаров дар сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» дар номинатсияи «Беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда» ҷоиза гирифт.
Ба иттилои «Ховар», 19 октябри 2026 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» таҳти унвони «Қадршиносии ҳунари асил» баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ филми кӯтоҳи «Дузди Офтоб»-и коргардони тоҷик Комилҷон Сафаров дар номинатсияи «Беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда» соҳиби ҷоиза гардид. Дар гузориш гуфта мешавад, ки ин нахустин ҷоизаи синамоӣ дар Тоҷикистон барои филмҳои бо истифода аз зеҳни сунъӣ офаридашуда мебошад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон