Табибони тоҷик ва чинӣ дар бораи ҳифзи саломатии модарон ва навзодон таҷриба иваз карданд


Ҳайати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва намояндагони Комиссияи шаҳрдории тандурустии Шанхай ва Маркази ҳифзи саломатии занон ва кӯдакони Шанхай дар мулоқоти онлайнӣ оид ба хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон табодули назар карданд.
Ба иттилои Ховар, 14 октябри 2026 ҳайати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Комиссияи шаҳрдории тандурустии Шанхай ва Маркази ҳифзи саломатии занон ва кӯдакони Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҷараёни як мулоқоти онлайнӣ таҷрибаро дар бораи хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон мубодила карданд.
Дар хабар зикр мешавад, ки ҳифзи саломатии модарон, навзодон ва кӯдакон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»