Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Консепсияи пешниҳоди хизматрасониҳои сайёри кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолии минтақаҳои дурдаст ва дастнорас» баррасӣ гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои ташкили гурӯҳҳои сайёри тиббӣ, муайян кардани ҳудуди фарогирии онҳо, таъминоти кадрӣ, истифодаи таҷҳизоти зарурӣ, таъминоти доруворӣ, ҳамоҳангсозӣ бо муассисаҳои мавҷудаи тандурустӣ ва мониторинги натиҷаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин роҳҳои такмили лоиҳаи консепсия ва имкониятҳои татбиқи хизматрасониҳои сайёр дар минтақаҳои ниёзманд муҳокима шуданд. Таъкид гардид, ки ҳифзи саломатии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити баробар барои дастрасӣ ба кумаки тиббӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»